7 июли соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ Парваришгоҳи дарахтони нодирро дар мавзеи Хуррамдара мавриди истифода қарор доданд.
Ин парваришгоҳ дар доираи татбиқи амалии Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 7500 дарахти нодиру ороишӣ ва сояафкан бо усулҳои муосир парвариш меёбад.