Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист рӯзҳои 23-24 июни соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта боқӣ мемонад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.