Бахшида ба 5 июн-Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Саидимон Акбаров, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилоят Ҷаҳонгир Салимзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Султон Раҳмонзода, намояндагони Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Раёсати маорифи вилоят, Маркази обуҳавосанҷии вилоят, Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳу донишкада, ташкилоти ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят, собиқадорони соҳа, васоити ахбори омма ва дигар идораю муассиса иштирок доштанд.
Бо суханони табрикотӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, намояндаи МИҲД, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят, директори МНДСЭ вилоят, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, роҳбарону намояндагони сохтору ташкилотҳо ва собиқадорони соҳа баромад карда, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро бо иди касбӣ табрик намуданд.
Ҳамзамон кормандони фаъоли мақомоти ҳифзи муҳити зист бо сипосномаи МИҲД вилояти Суғд, бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилоят ва мутахассисони ҷавон бо шаҳодатномаи ҳизбӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, донишгоҳу донишкада ва намояндагони ВАО бо сипосномаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят қадрдонӣ гардиданд.