Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, тибқи нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, инчунин шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид.
Зимни баргузории амалиёт дар кӯчаҳои протоколии шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом ва шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 92 адад воситаҳои нақлиёти тамғаҳои гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуданд. Дар рафти санҷиш миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвории дизелӣ, бензин ва гази моеъ ба вуҷуд меоянд, муайян карда шуд.
Муайян гардид, ки 19 адад воситаҳои нақлиёт меъёрҳои стандартҳои давлатиро вайрон намуда, миқдори зиёди гази СО-ро ба фазои атмосфера ихроҷ кардаанд. Нисбати ронандагони ин воситаҳои нақлиёт протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ ба Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳияҳо ирсол гардиданд.