Дар замони муосир масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гардидааст. Гармшавии ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаҳову дарёчаҳо ва дигар офатҳои табиӣ ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум таъсири манфӣ мерасонанд. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири бештар расонида истодааст.
Иқлимшиносон яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлимро ба хориҷшавии газҳои гулхонаӣ нисбат медиҳанд.
Тибқи маълумоти иқлимию гидрометеорологӣ, Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои гулхонаӣ мавқеи намоён дорад. Бо вуҷуди пешсаф будан дар рушди «энергияи сабз», кишвар аз таъсири тағйирёбии иқлим, махсусан дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъминоти об, осебпазир боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тақвият дода истодааст.
Соли 2025 дар иҷлосияи ҳафтуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ дар Найробии Кения бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул гардид. Ин иқдом аҳаммияти байналмилалии Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим боз ҳам баландтар намуд.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио-де-Жанейро баррасӣ гардида, зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлимро имзо кардаанд.
Муҳофизати иқлими Замин аз ҳар яки мо вобаста аст. Ниҳолшинонӣ, сарфаи нерӯи барқ метавонанд дар ҳифзи муҳити зист саҳми муҳим гузоранд.