Дар арафаи таҷлили ҷашни 81-ум солгарди рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади омодагӣ ба чорабиниҳои идонаи тантанавӣ корҳои ободонию тозагӣ ва аксияҳои экологӣ гузаронида шуд.
Барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди рӯзи Ғалаба ва омода намудани минтақаю ҷойи баргузории чорабиниҳо, дар шаҳри Бӯстон ва ҷамоати шаҳраки Палос, ки ба шаҳр тобеияти маъмурӣ дорад аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ташкил гардид.
Дар ҷамоати шаҳраки Палос барои гузоштани саҳми худ дар тозагӣ ва ободии маҳалли зист 70 нафар сокинон иштирок намуда, 300 метр ҷӯйборҳои қадди роҳ ва зиёда аз 1500 метри мураббаъ ҳудуд аз партовҳо тоза карда шудааст. Ҳаҷми партовҳои ҷамъоваришуда, 4 метри мукаабро ташкил намудааст.
Ҳамчунин, ниҳолҳои ороишии ҳамешасабзи соли ҷорӣ дар қадди роҳи нақлиётгарди Хуҷанд - Палос шинонидашуда, обёрӣ гардиданд.
Дар шаҳри Бӯстон бошад, дар аксияҳои экологӣ ҷиҳати тоза кардани кӯчаю ҷӯйборҳо ва маҳалли зист, хусусан ҳудуд ва атрофи Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамагӣ 350 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Рафти чорабинӣ 3000 метри мураббаъ ҳудуд ва беш аз 1000 метр ҷӯйбор тоза гардида, 8,2 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст.
Минбаъд, то таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми мазкур мунтазам идома дода мешавад.