Бо назардошти иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», тибқи нақшаи иштирок ва баромади аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилоят ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ барои соли 2026 тавассути телевизиони вилояти Суғд, дар барномаи мустақими «Пайванд» се нафар кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Мавзуи барнома ба «Раванди татбиқи амалии Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, инчунин вазъи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд» бахшида шуд.
Боиси зикр аст, ки ташкили чунин барномаҳо барои рушди тарбия, маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ саҳми назаррас дорад. Дар ҷараёни барномаи мустақим аз ҷониби баранда ва сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Панҷакент, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ ва Деваштич, саволҳо ба кормандони Сарраёсат пешниҳод гардид ва дар доираи муҳлати муқарраршудаи барномаи телевизионӣ ба аксарияти онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.