Дар доираи тадбирҳои ободониву сабзгардонӣ ва татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо иштироки раиси ноҳияи мазкур Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ва Сарбанд ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафан ва мевадиҳанда шинонида шуданд.
Дар ин чорабинӣ масъулони мақомоти маҳаллӣ, фаъолон ва сокинони ҷамоатҳо иштирок намуданд. Тадбири мазкур барои беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа, сабзгардонии маҳалаҳо ва саҳмгузорӣ дар ободонии деҳот равона карда шудааст.
Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист то ҳол дар ҳудуди ноҳияи Спитамен 28 114 бех ниҳоли дарахтони навъҳои сояафкану ҳамешасабз ва ороишиву мевадиҳанда шинонида шудааст.