Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода дар ҳудуди шаҳр ниҳолшинонии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдом аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ва муассисаю ташкилотҳо дар маҷмӯъ 6093 бех дарахтони мевадиҳанда, павловния, садда, тераки калифорниягӣ, дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд.
Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ ва зиёда аз 6 ҳазор нафар сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуда, дар ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити зист саҳм гузоштанд.
Иқдоми мазкур ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, васеъ намудани майдонҳои сабз ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.