Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз тарафи масъулини Кумита чорабинии омӯзишӣ дар доираи фаъолияти «Маркази омӯзишии экологӣ барои дӯстдорони табиат» ва «Клуби волонтёрони экологӣ» дар соли ҷорӣ баргузор гардид.
Чорабинии доиргардида дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Алифбои табиати Тоҷикистон» ташкил шуда, ҳадафи асосӣ ба тарбияи муносибати масъулиятноки наврасон нисбат ба табиат равона гардидааст.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни Донишгоҳҳои аграрӣ ва тиббии Тоҷикистон ва аъзои нави клуби эковолонтёрон, аз литсеи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ба волонтёрон дар мавзуъҳои аҳаммияти Китоби сурхи Тоҷикистон дар ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ, нақши МД ҲТММ дар муҳофизати парандагон, доир ба клуби бердвочери (Tajikistan Birders Club), парандаҳои Тоҷикистон ва муайян кардани онҳо, платформаи ebird, равиши «Солимии ягона» ба ҳифзи табиат аз тарафи намояндагони МД ҲТММ, рӯзномаи «Инсон ва табиат», Ташкилоти ҷамъиятии «Алифбои табиати Тоҷикистон» маълумот ва рӯнамо пешкаш карда шуд.
Дар як гӯшаи толор намоишгоҳи таҷҳизоти мушоҳидаи парандаҳо ташкил гардида буд. Дар қисмати саволу ҷавоб волонтёрон ба саволҳои худ аз маърузачиён посух гирифтанд.