9 феврали соли 2026 таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа фаъолияти Кумита дар моҳи январи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ ва пурсиш қарор гирифт.
Ҳамчунин, масъалаҳои асосии дигар, амсоли омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, Конференсия оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028», 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуда, дар доираи омодагиҳои он ба мусъулони иҷро супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷаласа ҳамзамон, оид ба ҷамъбасти мукаммали барномаҳои анҷомрасида ва таҳияи барномаҳои нави соҳавӣ, таҷдиди комиссияҳои ҷамъиятӣ, тақвият додани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иҷрои саривақтиву босифати супоришҳо, ҷалби эковолонтёрон ва экожурналистон ба масъалаҳои соҳавӣ, дигар масъалаҳои ба сохторҳои соҳавӣ дахлдор супоришҳо дода шуданд.
Дар охир протоколи ҷаласаи назоратии Кумита бо назардошти ироаи ҳисоботҳо, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда, қабул гашта барои чораҷӯӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешаванд.