Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, эълони соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ичунин татбиқи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва Барномаи давлатии марбутаи кабудизоркунӣ, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист дар шаҳри Ҳисор маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ 1500 бех ниҳоли павлония шинонида шуд, ки он ба беҳтар гардидани сифати ҳаво, танзими иқлим, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва зебоии муҳити шаҳр мусоидат менамояд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, инчунин намояндагони мақомот ва сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Тибқи қарори қабулшуда, нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинонидашуда ба зиммаи Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор вогузор карда шуд.
Қайд гардид, ки чунин тадбирҳо минбаъд низ ба таври мунтазам ва бо иштироки доираҳои гуногуни аҳолӣ идома хоҳанд ёфт.