Дар асоси нақшаи корӣ, аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали шаҳр, дар минтақаи Навобод корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.
Корҳои биотехникӣ бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва таъмини онҳо бо ғизои иловагӣ ҳамасола дар фасли сармо, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, ба роҳ монда мешаванд. Дар доираи ин чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҳифзи олами ҳайвонот дар шароити обу ҳавои сард амалӣ гардиданд.
Татбиқи чунин чораҳо ба нигоҳдории мувозинати экологӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва пешгирии талафоти ҳайвоноти ваҳшӣ мусоидат намуда, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад.