22 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода ҷаласаи Кумита баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба омӯзиши матни Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои фаъолиятҳои минбаъдаи мақомоти соҳавӣ дар ин самт, дастурҳо ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита дар соли 2025, масъалаҳои дигари соҳавӣ мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии иштирокдорон қарор дода шуданд.
Дар охир, пас аз шунидани масъалаҳои рӯзнома, таклифу пешниҳод ва супоришҳои вобаста ба он протоколи ҷаласаи мазкур тибқи муқаррароти ҷорӣ қабул гардида, он барои чораҷӯӣ ба шахсони масъул фиристода мешавад.