24 ноябри соли равон бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обанбори “Баҳри Норак” бо мақсади таъмини раванди такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ амалиёти махсус роҳандозӣ ва амалӣ гардид.
Дар доираи ин иқдом, ба экосистемаи обанбори “Баҳри Норак” беш аз 1 миллион моҳичаҳои намуди зағорамоҳӣ, пешонипаҳм ва амури сафед сар дода шуд, ки барои барқароршавӣ ва афзоиши захираҳои моҳӣ дар экосистемаи обанбор равона гардида, дар баробари аҳаммияти экологии ҳифзи захираҳои моҳӣ, ҳамзамон барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас мегузорад.
Ҳифзи захираҳои моҳӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии экологӣ ба ҳисоб рафта, аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалисозии тадбирҳои таъмини раванди такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар обанборҳои дигари вилояти Хатлон, аз ҷумла “Бойғозӣ” ва “Сарбанд” дар назар дошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки бо назардошти таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим, амалисозии чунин иқдомот барои нигоҳдории мувозинати гидробиологӣ ва устувории гуногунии биологии объектҳои табиии об мусоидат хоҳад кард.