Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Деҳқонова Гулчеҳра маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Сардори Сарраёсат Холзода Суҳроб бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.
Таъкид гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сокини кишварро вазифадор месозад, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷриба ба кор бурда мешавад.
Дар навбати худ намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Деҳқонова Гулчеҳра бобати нақш ва нуфузи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, бузургтарин дастоварди Сарвари маҳбубамон, ки барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин тадбирҳо ва ғамхориҳои пайваста баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон ибрози ақида намуд.
Дар интиҳои маҷлис барои саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ фаъолони ҳизб бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.