14 ноябри соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ҷамъомади тантанавии идона баргузор гардид.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон нахуст бо сухунронии худ кормандони Кумитаро ба ин санаи барои давлату миллат таърихию муқаддас табрику муборакбод намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар баробари соҳибистиқлол гаштан халқу миллати моро Роҳбаре насиб гашт, ки бо кирдору амалҳои некашон тавонистанд мардуми парешонгаштаи тоҷикро муттаҳид сохта, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ хотима бахшанд.
Ин рӯзи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари халқҳои дигари олам ҳуқуқу озодиҳо ва овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохтанд, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст.
Дар ҷамъомади идона бо даъвати Кумита ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат ва иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева иштирок ва оид ба раванди таърихӣ, корнамоиҳои бедареғи Сарвари давлат ва Пешвои маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати тозабунёди тоҷикон, талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ баҳрӣ расидан ба ормонҳои миллӣ ба таври муфассал суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки месазад, якдилона дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор боз ҳам муттаҳидтар бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи сартосари кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем. Фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллатро гиромӣ доштаву сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҳаматарафа ҷонибдорӣ ва роҳи интихобнамудаи халқи тоҷикро ҳифз намоем.