4 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе чорабинӣ бо ибтикори филиали Тоҷикистонии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта, дар он намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои мубрами иҷрои нақшаи амалиёти минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳадафи чорабинии мазкур баррасии рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал, мубодилаи таҷриба байни кишварҳои иштирокчӣ, муҳокимаи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои калидие, ки ба ноилшавӣ ба устувории экологӣ равона гардидаанд, инчунин муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти муштарак барои давраи минбаъда мебошад.
Иброз гардид, ки баргузории Шӯрои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар пешбурди ташаббусҳои экологӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ нақши муҳим мебозад.