Дар шаҳри Инчхони Ҷумхурии Корея ҷаласаи 43-уми Шӯрои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Шӯро, мақомотҳои миллӣ оид ба масъалаҳои фонди мазкур, ташкилотҳои аккредитатсияшудаи фонд ва нозирон иштирок намуданд.
Дар доираи масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби Шӯро ҳаҷми рекордии маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф барои татбиқи 22 лоиҳаи нав тасдиқ карда шуд.
Аз ҷумла, барномаи нави минтақавӣ таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд ва Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ карда мешавад, тасдиқ гардид. Лоиҳаи мазкур дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Туркманистон, Грузия ва Покистон амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии барномаи мазкур ин сармоягузорӣ дар самтҳои марбут ба идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои гидрометеорологӣ ва ҷорӣ намудани механизми сармоягузории «сабз» мебошад.
Ҳамзамон дар ҷаласа дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баргузории ҷаласаи 45-уми Шӯрои Фонди Иқлими Сабз, санаи 29 июн то 2 июли соли 2026 тасдиқ гардид.