Сайти расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи таваллуд: 6-уми декабри 1973,
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот:
Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-журналист ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз он ҷумла, ёрдамчии сардори Ситоди оперативии Қисми навбатдории Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, журналист-хабарнигори Маркази матбуоти Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, ҳуқуқшинос-мушовири калони Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, сардори шуъбачаи вобаста ба сомонаи ВКД дар шабакаи интернети Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, мушовири калони Вазир оид ба корҳои маданӣ-маънавӣ ва фарҳангию фароғатӣ ва сардори Шуъбаи сомонаи расмии ВКД дар назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.