Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи таваллуд: 7 декабри соли 1988
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маълумоташ-олӣ. Соли 2010 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.
сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
корманди калони илмии Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
дотсенти кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
зери роҳбарии илмии академик Р.М.Масов рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таърихи ташаккулёбии ҶШС Тоҷикистон» (аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – таърихи ватанӣ) дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих гаштааст. Айни ҳол Алимардонӣ М.У. унвонҷӯи давраи доктории Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Мавзӯи рисолаи докторӣ «Ташаккул ва инкишофи давлатдории навини тоҷикон (солҳои 1917-2021): тадқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ ва ҳуқуқӣ-конститутсионӣ» (Ихтисос: 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат; 12.00.02 – Ҳуқуқи конститусионӣ; мурофиаи судии конститусионӣ; ҳуқуқи мунисипалӣ (низоми намояндагӣ)).
ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон). Ҳамзамон раиси Шӯрои олимони ҷавонони Институт.
гирандаи Стипендиаи президентӣ барои олимони ҷавон.
таҳсил дар аспирантураи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (имрӯза Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон).