1 октябри соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҳамоиши ҷавонон бахшида ба 33-умин солгарди Иситиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуда, саҳми ҷавононро дар татбиқи босамари сиёсати хориҷии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар охири ҳамоиш як қатор кормандони ҷавони Вазорат бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ гардиданд.