Имрӯз дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақами назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти "Амнияти киберӣ" оғоз гардид.
Курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани омодагии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба ошкор, таҳлил ва вокуниш ба ҳодисаҳои киберӣ, такмили малакаҳои амалии мутахассисон ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ дар самти киберамният баргузор мегарданд.
Дар рӯзи аввали курси омӯзишӣ иштирокчиён бо инфрасохтори таълимӣ ва тамринии машқҳо, ҳадафҳо ва тарзи баргузории онҳо шинос шуда, инчунин масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди киберамният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта истодаанд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, мутахассисону коршиносони соҳаи киберамният, инчунин намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ИAА) иштирок доранд.
Дар ҷараёни курсҳо ба таҳкими малакаҳои амалии иштирокчиён, такмили механизмҳои ҳамкорӣ ва вокуниш ба таҳдидҳо ва ҳодисаҳои киберии моделсозишуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.