ҲАМОИШ БАХШИДА БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД "ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА 2027-2036” https://www.facebook.com/share/p/19B3RBDoPR/ Имрӯз роҳбарият ва ҳайати кормандони Вазорати меҳнат,…
ҲАМОИШ БАХШИДА БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД "ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА 2027-2036”
Имрӯз роҳбарият ва ҳайати кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он муждаи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда 2027 – 2036” бо фараҳу шодмонӣ қабул намуда, аз субҳ ин дастоварди миллиро, ки дар арафаи ҷашни 29-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамчун бозгӯйи аз азал сулҳофару ваҳдатофар будани миллати тоҷик ба ҳамдигар муборакбод намуданд.
Ҳайати кормандон эҳсоси ифтихор ва фараҳу шодмонии худро бо парафшон намудани Парчами давлатӣ ва шиорҳои ватандӯстонаву қироати шеърҳо дар васфи ватан баён намуда, ба маҷлисгоҳи вазорат ҳозир шуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас навори суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ба иштирокчиён намоиш дода шуд.
Зимни суханронии худ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода қабули қатъномаи мазкурро дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаи эътирофи нақши созандаи кишвар дар таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки қабули ин қатънома идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон буда, бори дигар эътибор ва обрӯи байналмилалии давлатро таҳким мебахшад.