Общая информацияРаёсати робитаҳои байналмилалии тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 24 июли соли 2020, №418 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи вазорат, қарору фармоишҳои вазорат ва Низомномаи раёсат ба роҳ мемонад.
Раёсат дар доираи салоҳиятҳои вогӯзоргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- фаъолияти раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, хадамоту агентӣ ва муассисаҳои давлатии системаи Вазоратро дар самти робитахои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад;
- дар таҳия ва татбиқи созишномаҳои байниҳукуматию байнисоҳавӣ, иштирок намуда, оид ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд;
- механизми гузаронидани расмиёти дохилидавлатиро ҷиҳати тасвиб ва тасдиқи конвенсияҳо, созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ тибқи тартиби муқарраргардида анҷом медиҳад;
- бо вазоратҳои соҳавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Кумитаи иҷроияи ИДМ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он, дигар созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкорӣ намуда, масъалаҳои марбут ба самтҳои вазоратро ҳамоҳанг менамояд;
- маърӯзаҳоро оид ба рафти иҷрои конвенсия ва тавсияномаҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва созишномаҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, якҷоя бо сохторҳои дахлдори он омода менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида вохӯриҳои роҳбарияти Вазоратро бо роҳбарон ва намояндагони сафоратхонаҳо, созмонои байналмилалӣ, мутахассисону коршиносони хориҷ ва ташкилотҳои хориҷию ғайридавлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ва ё тавассути видеоскайп ташкил менамояд;
- дар омода намудани маводи зарурӣ ҷиҳати сафарбар намудани кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он ба хориҷи кишвар мусоидат менамояд;
- татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаро ҳамоҳанг намуда, ҳангоми зарурат дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори вазорат дархостҳои лоиҳавиро таҳия ва ба шарикони рушд пешниҳод намояд;
- дар якҷоягӣ бо сохторҳои Вазорат маълумотҳоро оид ба вохўриҳо, вазъи лоиҳаҳои инвеститсионии амалкунанда, натиҷаи сафарҳои хизматии кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Вазорат ба хориҷи кишвар ва рафти иҷрои муқаррароти протоколҳои ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматӣ омода менамояд;
- пешниҳоди Раёсатро барои дохил намудан ба нақшаи кори вазорат омода намуда, ба сохтори дахлдор манзур менамояд ва иҷрои чорабиниҳои банақшагирифтаро дар самти робитахои байналмилалӣ назорат мебарад;
- иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовараи Вазорат, фармоишҳои Вазир ва Нақшаи кори вазоратро вобаста ба самтҳои марбут ба салоҳияти Раёсат назорат ва иҷро менамояд;
- ҳисоботҳои семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи Раёсатро омода ва барои ҷамъбаст пешниҳод менамояд;
- ба раёсату шуъба ва сохторҳои тобеи Вазорат дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд;
- бо кормандони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд;
- дигар масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти Раёсат мансубанд, иҷро менамояд.
Тамос
+992 37 250 32-13 r.baynalmilali@mehnat.tj