28 августа 2026
ҲАМКОРИҲО БА ХОТИРИ РУШДИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ
Санаи 18.03.2026. ба хотири ҳамкориҳо намояндагони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Тоҷикистон, ҷаноби Агаси Арутюнян, ва Ҳамоҳангсози барномаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ – ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иброҳим Этҳем Унал ба Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни вохӯрӣ меҳмонон аз озмоишгоҳи биотехнологияи инноватсионии чорво ва ҷонвархонаи Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво дидан намуданд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони ТИКА ва Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз намуданд, ки оид ба ташкил намудани таҷрибаомӯзӣ ва семинарҳои омӯзиши нақшабанди намуда изҳори назар намуданд, инчунин ҷалби сармоя оид ба лоиҳаҳо қадам ба қадам дастгирии худро меёбад.
Зимни суханронии худ ходими пешбарандаи илм, д.и.к. профессор Рахимов Шарофҷон Тоирович, директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, н.и.к Давлатов Хуршед Қаҳорович ва директори Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои АИКТ, н.и.к. Бобокалонов Иброҳим, иброз намуданд, ки ҳамаҷониба тарафдори амалӣ шудани лоиҳаҳо оид ба беҳтар намудани рушди соҳаи чорводорӣ мебошанд.
Дар охир аз тарафи директори Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чоровои АИКТ Бобокалонов Иброҳим китоби “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ” ба меҳмонон тақдим карда шуд.