Санаи 9 январи соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиш ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16 декабри соли 2025 ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилооти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамолов Наим бо маърӯза баромад намуда, аҳаммияти Паёми Пешвои миллатро ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ таъкид кард.
Зикр гардид, ки Паёми имсола самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуда, ҳамчун роҳнамои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа хизмат мекунад. Дар он ба масъалаҳои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҷалби фаъоли шаҳрвандон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Қайд карда шуд, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҷомеаро ба масъулияти бештар, ташаббускорӣ ва саҳмгузории фаъол дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаи хоҷагии ҷангал, ҳидоят менамояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои дар Паём зикршуда аз кормандони соҳа муносибати масъулона, истифодаи самараноки захираҳо, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалиро талаб менамояд.
Дар анҷом гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, ҳуҷҷати роҳнамо буда, онҳоро ба фаъолияти созанда, худогоҳии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар бунёди давлати обод ва пешрафта ҳавасманд мегардонад.