Машғулиятҳои омузишӣ дар доираи “Лоиҳаи идоракунии устувори ландшафтҳо дар Тоҷикистон” аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” рузҳои 21-24 октябр дар шаҳри Панҷакент баргузор карда шуд.
Дар машғулиятҳои омузишӣ зиёда аз 35 нафар кормандони Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ, инчунин кормандони Лоиҳа иштирок доштанд. Машғулиятҳои омӯзишӣ тибқи мавзуъҳои таҳиягардида барои сарҷангалпарварон, муҳандисони ҳифзи ҷангал, ҷангалпарварон, ҷангалбонон ва дигар кормандони хоҷагиҳои ҷангали зикргардида бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши онҳо гузаронида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки машғулиятҳои омузишӣ дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” гузаронида шуда, мавзуъҳои усулҳои парвариши ниҳолҳои павловния, интихоби замин ва бунёди плантатсияҳои павловния ва ғайраро дар бар гирифтанд.
Проведение семинара в рамках ”Проекта устойчивого управления ландшафтами в Таджикистане“ был проведён общественной организацией ”Пешсаф" 21-24 октября в городе Пенджикент.
В учебных занятиях приняли участие более 35 сотрудников государственных учреждений лесного хозяйства городов и районов Пенджикент, Айни и Кохистони Мастчох, а также сотрудники проекта. Учебные занятия по разработанным темам были проведены для лесоводов, инженеров по охране лесов, лесоводов, лесничих и других работников указанных лесных хозяйств с целью повышения уровня их знаний.
Следует отметить, что учебные занятия проводились в рамках выполнения соответствующих пунктов отраслевых программ, в том числе “программы развития выращивания Павловнии в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы” и охватывали темы методов выращивания рассады Павловнии, выбора земель и создания плантаций Павловнии и др.