Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки нозирони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Одил Толиб ва…
Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки нозирони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Одил Толиб ва Ҳусензода Файзиддин машварати омӯзишӣ вобаста ба шарҳи талаботи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид..
Дар оғози машварат аз ҷониби роҳбарияти Кумита зикр карда шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ мебошад.
Нозири калони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия Абдуллозода Одил Толиб дар бораи натиҷагирӣ аз марҳилаи якуми татбиқи ин Стратегия маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар субъектҳои иҷрои ин Стратегия дар марҳилаи якум, яъне дар солҳои 2021-2025 ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.
Дар идома бандҳои алоҳидаи Стратегияи мазкур шарҳу тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти дахлдор набуда, бояд тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва дар умум кулли ҷомеа ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб ба таври пайваста талош намоянд.
Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷом ба суолҳои кормандони Кумита поссухҳои мушаххас пешниҳод намуданд.