Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи…
Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳарият ва кормандони Кумита чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ ба арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ ва аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули қатъномаи СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» таъкид намуд.
Зикр карда шуд, ки қабули қатъномаи мазкур боиси боз ҳам баландтар рафтани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ чанд нафар аз кормандони Кумита дар мавриди Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ибрози назар намуданд.