Дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз аз ҷониби роҳбарияти Кумита таъкид шуд, ки Паёми навбатии Президенти кишвар фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат мебошад ва ҳар кадоми мо бояд ин санади муҳимму тақдирсозро ҳамчун дастури роҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем.
Дар идома чанде аз кормандони Кумита бардоштҳои худро аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҳамасола дар тамоми бахшҳо ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Имсол, ки соли барои мардуми тоҷик таърихӣ, яъне, соли таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ - 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад, бояд тамоми хизматчиёни давлатӣ ва дар умум кулли мардум бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулияти бештар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида кӯшишу талош намоянд.