5-уми ноябр дар Кумита ба муносибати 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми раиси Кумита Тоҷиддин Кабутов ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки қабули Конститутсия яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз ин ҳуҷҷати муҳим барои бунёди давлати соҳибистиқлол, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ ва ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ замина фароҳам овард. Зикр карда шуд, ки эҳтиром ва риояи муқаррароти Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди кишвар, махсусан кормандони ниҳодҳои давлатӣ мебошад.
Дар идома Шаҳбоз Шосаидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-дар панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон" ба таври муфассал суханронӣ намуда, ҳамчунин ба суолҳои кормандони Кумита посух гуфт.