Ҳамзамон дар ҷараёни санҷиш ба масъулони комиссияи ҷамъиятии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ ва риояи татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, пешгири аз зиёдаравию исрофкорӣ ва камхарҷ гузаронидани тӯйю маъракаҳо ва бақайд гирии тӯйю маъракаҳо тариқи портали электронӣ суҳбату машваратҳои методӣ дода шуд.