"Ҷавонон ва ҷаҳони муосир: мушкилот ва дурнамо"
24 апрел дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони "Ҷавонон ва ҷаҳони муосир: мушкилот ва дурнамо" баргузор гардид.
Дар рафти конфронси мазкур роҳбарияти Донишкада, намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.