МЕДАЛИ ХИЗМАТИ ШОИСТА МУБОРАК БОНУИ КИШОВАРЗ! Боиси хушҳолӣ ва сарфарозист, ки имрӯз тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати…
МЕДАЛИ ХИЗМАТИ ШОИСТА МУБОРАК БОНУИ КИШОВАРЗ!
Боиси хушҳолӣ ва сарфарозист, ки имрӯз тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии пайвастаи ашхоси фаъоли касбу кори гуногуни ҷомеа бахусус илму маориф ва фарҳанг бонуи меҳнаткашу содиқ, муаллимаи ғамхор, тарбиятгари насли баркамоли илми кишоварзӣ директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, Бобохониён Зебиниссо Қара дар арафаи таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд.
Чунин як унвони баланди касбӣ ва қадршиносии Роҳбари давлат на танҳо барои ӯ азиз, балки барои тамоми олимон, ҳамкасбон ва шогирдону наздиконаш низ туҳфаи бемисл аст.
Дар ин лаҳзаҳои хушҳолӣ ба муаллимаи азиз Бобохониён Зебиниссо Қара дар роҳи тайнамудаистодаи илми кишоварзӣ комёбиҳои тоҷаи эҷодӣ, хонаи осуда, дили беғаш, саломатии бардавом ва сазовор гардидани дастовардҳои аз ин ҳам баландтари илму кишоварзӣ ва маорифро таманно менамоем.