Зикр намудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистони азизамон ҳамчун як давлати соҳибтамаддуну сулҳхоҳ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида ба як сипари мустаҳками ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Дар воқеъ Истиқлол ва Ваҳдат ганҷҳои…
Зикр намудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистони азизамон ҳамчун як давлати соҳибтамаддуну сулҳхоҳ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида ба як сипари мустаҳками ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Дар воқеъ Истиқлол ва Ваҳдат ганҷҳои бебаҳое мебошанд, ки на танҳо ба даст овардани онҳо мушкил, балки ҳифзу нигаҳдорию устувории онҳо дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ба масъулияти шаҳрвандии ҳамарӯзаи ҳар як нафари ватандӯст пайванд мебошад.
Дар шароити печидаву мураккаби ҷаҳоншавӣ, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба суръти кайҳонӣ тағйир меёбанд масъалаи ҳифзи суботу амнияти миллӣ аз ҳама гуна таҳдидҳои берунӣ ва дарунӣ масъалаи авалиндараҷаи давлатдорӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз муборизаҳои геолополитикӣ миёни қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ шиддат гирифта усулҳои нави таъсиррасонӣ ба мафкураи миллатҳо махсусан ҷавонон роҳандозӣ мешаванд. Дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурандешии хос ва дарки амиқи таҳдидҳои муосир ҳамеша моро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ даъват менамоянд, ки ин басо бузург аст.
Роҳбари давлат ҳанӯз соли 2018 зимни суханронии пурмӯҳтавои худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи “Муқовимат бо тероризм ва ифротгароии хушунатомез” таъкид намуда буданд: “Зуҳуроти тероризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”. Ин ҳушдории хирадмандона имрӯз дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар беш аз ҳар вақти дигар аҳамияти ҳаётии худро пайдо намуда дар зери ливои худ кулли мардуми кишварамонро муттаҳид месозад.