Дар ҳамоиши навбатии олимон ва кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, ки имрӯз дар толори муассиса баргузор шуд, масъалаи басо ифтихорманди миллӣ пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
Дар ҳамоиши навбатии олимон ва кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, ки имрӯз дар толори муассиса баргузор шуд, масъалаи басо ифтихорманди миллӣ пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қатъномаи мазкур ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар водор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу субот на танҳо дар қораи Осиё балки дар тамоми ҷаҳон мебошад. Ин санади байналмилалӣ яъне қабули қатънома рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.
Зимнан аз ҷониби директори институт Зебиниссо Бобохониён инчунин муовину олимон ва ходимони илмӣ зикр карда шуд, ки ҷаҳониён ташаббуси пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз ин созмони бонуфуз бо лаҳни шевои тоҷикона садо дод, бори дигар эҳсос намуда мақому мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳлҷӯ ва мардумаш адолатпеша ҳамзамон ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон шинохтанд.
Метавон гуфт қабули ин санади байналмилалӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳаммияти рамзии хос дошта, маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон заминаи рушди устувор, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳониро фароҳам овардааст.