ТИРГОН КУҲАНТАРИН ҶАШНИ ТОҶИКОН Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷашни Тиргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин ҷашни аҷдодӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти…
ТИРГОН КУҲАНТАРИН ҶАШНИ ТОҶИКОН
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷашни Тиргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин ҷашни аҷдодӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиди тоза касб намуда бо расму оин ва суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардидааст, ки субҳи имрӯз барои таҷлили он дар боғи фарҳангу фароғатии Ирами шаҳри Душанбе маросими тантанавии идона доир гардид.
Қайд карда шуд, ки Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, он дар худ рамзи фаровонӣ,ҷамъоварии ҳосили аввали зироатҳои кишоварзӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.
Илова бар ин метавон зикр намуд, ки дар чорабинии мазкур навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ ба намоиш гузошта шуда ҳамзамон барои истироҳати меҳмонону иштирокдорон барномаи фарҳангии омодагаштаи иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона тақдим карда шуд.