Бо дархости роҳбарияти ҷамъияти мазкур аз ҷониби олимони Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғди Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ бо иштироки намояндаи ҷамъият Аюбҷон Қаландаров барои муайян намудани холати мелиоративию…
Бо дархости роҳбарияти ҷамъияти мазкур аз ҷониби олимони Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғди Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ бо иштироки намояндаи ҷамъият Аюбҷон Қаландаров барои муайян намудани холати мелиоративию агрокимиёвии заминҳо, инчунин дар асоси ташхисҳо пешниҳод намудани тавсияҳои зарурӣ оид ба беҳтар намудани ҳосилхезӣ намунаҳои хок аз қитъаҳои гуногуни замин гирифта шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо сабаби корношоямии заҳбуру заҳкашҳои атрофи заминҳои мазкур холати мелиоративии онҳо бад шуда, шӯрнокии хок баланд гаштааст ва солҳои охир ҳосилнокии зироатҳо хело паст рафтааст.