81-СОЛАГИИ ИДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
Имрӯзҳо мардуми ҷаҳон аз яке аз санаҳои муҳими таърихӣ — 81-солагии Иди Ғалаба бар фашизм ёдоварӣ менамоянд. Ин рӯз ҳамчун рамзи шуҷоат, ватандӯстӣ, матонат ва қаҳрамонии халқҳое мебошад, ки дар мубориза бар зидди фашизм ҷони худро фидо намуда, барои ҳифзи сулҳу озодӣ саҳми бузург гузоштаанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз фоҷиабортарин воқеаҳои таърихи инсоният ба шумор меравад. Дар ин ҷанг миллионҳо нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорон шаҳрҳо ва деҳаҳо хароб гардиданд. Мардумони кишварҳои гуногун барои озодии башарият муттаҳид шуда, бар зидди фашизм муборизаи беамон бурданд.
Мардуми Тоҷикистон низ дар таъмини ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳазорон фарзандони далеру шуҷои Ватан ба майдонҳои ҷанг сафарбар шуда, барои ҳифзи шаъну шараф ва озодии халқҳо ҷоннисорӣ карданд. Қаҳрамониҳои онҳо имрӯз низ намунаи олии ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ба ҳисоб мераванд.
Таҷлили Иди Ғалаба танҳо ёдоварӣ аз гузашта нест, балки арҷгузорӣ ба корнамоиҳои насли қаҳрамон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот мебошад.
Ҳифзи сулҳ ва ваҳдат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Мо бояд қаҳрамониҳои иштирокчиёни ҷангро ҳамеша пос дорем ва барои пойдории сулҳ, дӯстӣ ва рушди ҷомеа саҳмгузор бошем.
81-солагии Иди Ғалаба муборак бод!