6-уми августи соли равон дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ семинари омӯзишӣ оид ба рушди малакаҳои рақамӣ баргузор гардид
Семинар дар доираи татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоту ташкилоти давлатӣ ва шаҳрвандон дар соли 2026» баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии хизматчиёни давлатӣ ва вусъат бахшидани татбиқи ҳукумати электронӣ роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва маъруза намуданд.
Зимни семинар масъалаҳои истифодаи Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (eKhizmat.tj), низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, амнияти рақамӣ, фарҳанги истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (AI), маълумоти бузург (Big Data) ва технологияҳои абрӣ (Cloud) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштироккунандагон таъкид намуданд, ки рушди малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, таъмини шаффофият, содагардонии равандҳои идорӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи ҳукумати электронӣ ба ҳисоб меравад.
Роҳбарияти Хадамот баргузории чунин чорабиниҳои омӯзиширо дар баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбии кормандон муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки донишҳои азхудшуда барои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти соҳа, такмили хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии назорати давлатӣ дар бахшҳои саноат ва кӯҳкорӣ мусоидати назаррас хоҳанд кард.
Маркази матбуот