Муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳодар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонМирзозода Ардашер доир ба фаъолияти хадамот дар нимсолаи якуми соли 2026 мухтасар гузориш дод.
Зикр шуд, ки Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 4141 корхона ва 24 716 объектҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби нозироти хадамот дар корхона ва объектҳои бақайдгирифташуда 2 назорати техникии ғайринақшавӣ гузаронида шудааст.
Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 24 ҳолати вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд. Бо мақсади бартараф кардани қоидавайронкуниҳо ба корхонаҳои зериназоратӣ 2 санади нишондод ирсол гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 65 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 225 270,00 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои бақайдгирифташуда 34 иҷозатномаи намудҳои фаъолият дода шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар корхонаҳо ва объектҳои зериназоратии Хадамот ҳамагӣ 32 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 21 нафар ба ҳалокат расида, 19 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣбардоштанд.
Сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, риоянагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ, вайрон намудани технологияикоркарди конҳо, инчунин норасоии мутахассисони соҳибихтисоси соҳамебошанд.
Барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбат ба 2 шахси ҳуқуқӣ, 33 шахси мансабдор ва 13 шахси воқеӣ аз ҷониби комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷарима таъин карда шуд. Маблағи умумии ҷаримаҳои таъиншуда вобаста ба ҳодисаҳои нохуш 153 960,00 сомониро ташкил дод.
Сипас, хабарнигорони АМИТ “Ховар”, Нашрияи расмии ҶумҳурииТоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият”, “Садои Мардум”, “СССР”, радиоҳои“Тоҷикистон”, “Ховар”, “Овози тоҷик”, “Озодӣ”, шабакаҳои телевизионии“Тоҷикистон”, “Сафина”, “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо”, “Телевизиони сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ”, “Синамо”, “Баҳористон”, “Илм ва табиат”, Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои “Мир” дар ҶумҳурииТоҷикистон, Агентии иттилоотии “Азия Плюс”, “Спутник”, “Авесто”, Маҷаллаи “Истиқлол”, рӯзномаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Халқ овози”, “Паёми Душанбе”, “Фараж”, “Время и Деньги” дар маҷмуъ 48 намояндаиВоситаҳои ахбори омма иштирок карда, вобаста ба иҷрои дастурусупоришҳои Пешвои муаззами миллат дар соҳа, ҳодисаҳои нохуш, натиҷаҳоисанҷишҳо, ҳолати техникии атраксионҳо, татбиқи технологияҳои нав дарсоҳа, объектҳои бақайдгирифташуда, иҷозатномаи намудҳои фаъолият, хизматрасониҳои пулакӣ, ҷаримаҳо, пардохти ҷубронпулиҳо ба зарардидагон, ҳамкории байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти хадамотсаволҳо пешниҳод намуданд.
Ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода шуд. Нишасти матбуотӣ дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба талаботимавҷуда баргузор гардид.
Маркази матбуот