Форуми мазкур ба як платформаи муҳими ҳамкории иқтисодию технологӣ байни Ҷумхурии Точикистон ва
Ҷумхурии Мардумии Чин табдил ёфта, дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи
соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкори иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур 70 ширкати соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Точикистон ва
зиёда аз 120 ширкати бонуфузӣ технологии Ҷумхурии Мардумии Чин, аз ҷумла Alibaba Group, ByteDance (TikTok),
BYD, Huawei, DeepSeek, Kuaishou Technology Ba Lenovo, иштирок намуда, имкониятҳои технологӣ, таҷриба ва
дастовардҳои худро дар самтҳои рақамикунони, зехни сунъӣ, амнияти киберӣ, инфрасохтори рақамӣ, марказҳои коркарди додаҳо (Data Center), савдои электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ муаррифи карданд.
Ҳадафи асосии Форум фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои мустақими тиҷоративу технологӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосир, табодули донишу таҷриба, инчунин муаррифии иқтидор ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ ва инноватсия арзёбӣ гардид.
Зимни нишастҳои панели ва мулокотҳои дуҷониба ҷонибхо масъалахои марбут ба рушди экосистемаи рақамӣ, тавсеаи инфрасохтори технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти ҳукумати электронӣ, рушди стартапхо, таҳкими иқтидори кадрӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ карор доданд.
Дар ҳошияи Форум байни ширкатҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, 28 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” - и назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “Хуавей Технологияҳои Тоҷикистон” ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” - и назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Nuctech Company Limited” ба имзо расонида шуд.