Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар доираи ташаббуси «300 рӯзи…
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар доираи ташаббуси «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан дар Хатлон» дар ноҳия тадбирҳои фарогири ташкиливу тарғиботӣ ва амалии ободонӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳсоси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ сокинони ноҳияро муттаҳид намуда, фазои ҳамдиливу ҳамкориро тақвият мебахшад. Дар доираи барнома, корҳои тозагиву кабудизоркунӣ, сафедкунии пояи дарахтон, шинонидани гулу ниҳолҳои ороишӣ, таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ ва ободонии ҳудуди муассисаҳои иҷтимоӣ вусъат ёфтаанд.
Шанбегиҳои умуминоҳиявӣ бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҷомеа ва ҷавонон баргузор гардида, ҳар як сокин бо дарки масъулияти баланд дар ободонии диёр саҳм мегузорад. Ҳамзамон, вохӯриву суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ доир шуда, аҳаммияти саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал ва ҳифзи муҳити зист таъкид мегардад.
Мавриди зикр аст, ки чунин иқдомҳои созанда на танҳо ба беҳдошти намои зоҳирии маҳал мусоидат менамоянд, балки барои баланд бардоштани худогоҳии миллӣ, таҳкими ваҳдат ва омодагии шоиста ба ҷашнҳои муҳими миллӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.
Сокинони ноҳия бо рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ тасмим гирифтаанд, ки ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯзи байналмилалиро бо дастовардҳои назаррас ва муҳити ободу зебо истиқбол намоянд.