Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар маҳаллаи Фирдавсӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Ҷовидон, Раиси КИ ҲХДТ Қурбонзода Убайдулло дар ноҳия ва намояндагони КИ ҲХДТ дар ҷумҳурӣ фаъолон, зиёиён, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил намуданд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, бофандагӣ ва ҳамзамон хӯрокҳои миллӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷонибӣ ансабли “Бибиҷонҳо” сӯруду таронаҳо дар васфи ватандӯстӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Чорабинии «Шукуҳи Истиқлол» ҳамчун таҷассумгари фарҳанги миллӣ, ҳувияти тоҷикона, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар қалби иштирокчиён ҳисси муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлату миллатро боз ҳам таҳким мебахшад.