Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи…
Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҷалби роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, намояндагони касбу кори гуногун, сокинони ноҳия ва дигар қишрҳои ҷомеа шанбегии умуминоҳиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни шанбегӣ корҳои тозаву озода намудани назди биноҳои ташкилоту муассисаҳо, вазорату кумитаҳо, идораҳо, марказҳои хизматрасонӣ, маҳаллаҳо, инчунин кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия анҷом дода шуданд. Иштирокчиён бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тоза намудани муҳити атроф, ҷамъоварии партовҳо, ободу зебо гардонидани ҳудуди ноҳия ва беҳтар намудани вазъи санитариву экологӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Баргузории чунин иқдомҳои дастаҷамъона бо иштироки фаъолонаи раисони маҳаллаҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон ба таҳкими фарҳанги шаҳрдорӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагии шоиста ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ мусоидат менамояд.