Санаи 10 июли соли 2026 таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовини якум,…
Санаи 10 июли соли 2026 таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳиявӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тадсиқ намуданд.
Рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум аз рӯйи масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:

Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022, №251 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2026» дар ноҳия;

Ахбороти Прокурори ноҳия оид ба вазъи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026;

Ҳисоботи муовини соҳавии Раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи
бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ноҳия;

Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз