Санаи 6 июли соли 2026 бо иштироки Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини Раиси ноҳия – Қодирзода Ҷ. Қ., Сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили мақомоти…
Санаи 6 июли соли 2026 бо иштироки Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини Раиси ноҳия – Қодирзода Ҷ. Қ., Сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, адолати судӣ ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе - Хурсанзода У. Х. ва Сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе - Ҷуразода Д. Т. оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва сабабу хатарҳои ба он мусоидаткунанда вохӯрии судманд баргузор гардид.
Нахуст ҷаласаро муовини Раиси ноҳия, раиси Комиссияи мазкур – Қодирзода Ҷ. Қ. ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин оид ба мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1714 “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маълумот дод.
Сипас Сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе - Ҷуразода Д. Т. баромад намуда, изҳор дошт, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ошкорсозӣ, пешгирӣ, ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назарас ноил гардидааст. Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама ба пешрафти иқтисодиёт, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва низоми сулҳу суббот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад