Имрӯз Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб дар якҷоягӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ва Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе полковник Шамсизода…
Имрӯз Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб дар якҷоягӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ва Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе полковник Шамсизода Сулаймон Шамсӣ аз хонаводаҳои зарардидаи ноҳия дидан намуданд.
Масъулин ва аъзои Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия аз оқибатҳои боришоти бошиддати рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ, ки ба ду ҳавлии истиқоматӣ зарар расонидааст, шинос шуданд. Ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани лойқа аз хонаҳои зарардида ва кумак ба сокинон дастурҳои қатъӣ дода шуд.
Ҳамзамон, роҳбарият ва аъзои Ситод аз соҳили дарёи Харангон низ боздид ба амал оварданд. Бо мақсади пешгирии оқибатҳои омадани сел ва таъмини амнияти аҳолӣ, барои соҳилбандии дарёи мазкур супоришҳои мушаххас ва таъхирнопазир дода шуданд.