Имрӯз бо мақсади татбиқи самараноки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2025, №1072 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар…
Имрӯз бо мақсади татбиқи самараноки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2025, №1072 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030», инчунин иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир ба амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030», аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия аксияи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таҳти унвони "Дар мубориза бар зидди нашъамандӣ нобояд бетараф бошем" доир карда шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба сокинон ва меҳмонони ноҳия варақаҳои иттилоотӣ ва тавсиявӣ оид ба оқибатҳои зараровари маводи нашъаовар, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дастрас карда шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории аксияи мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, пешгирии ҷалби ҷавонон ба истеъмоли маводи нашъаовар, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва тақвияти ҳамкории ҷомеа дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи босамари чорабиниҳои пешбинигардида дар доираи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи солимии ҷомеа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.